ЛАБОРАТОРИЯИ ОДАТҲОИ СОЛИМ: ЧӢ ГУНА ҲАФТАИ ҒИЗОИ СОЛИМ ДАР ВОДИИ РАШТ БАРГУЗОР ГАРДИД

16.02.2026 302

Моҳи феврал дар ноҳияи Нуробод сарду барфӣ буд. Ҳароратсанҷ беруни мактаби рақами 28 – ро ҳарорати пасти доимиро нишон медод. Кӯдакон аз байни тӯдаҳои барфӣ мегузаштанд, аммо бо шодӣ ин корро мекарданд. Дар дохили деворҳои мактаб фазои гарму дӯстона, хурсандӣ ва... дониши нав дар бораи ғизои солим онҳоро интизор буд. 

Аз 9 то 13 феврал, дар ин ҷо Ҳафтаи ғизои солим таҳти шиори "Хӯред. Ҳаракат кунед. Зиндагӣ кунед", ки ба “Рӯзи байналмилалии ғизои мактабӣ” бахшида буд, баргузор гардид. Ҳар рӯз ба реҷаи мактаб чизи нав ва муфид меовард: кашфиётҳо, таҷрибаҳо, бозиҳо, эҷодкорӣ, ғизоҳои ғайриоддӣ дар ошхонаи мактаб ва муҳокимаи пурҷӯшу хурӯш дар бораи он ки чӣ гуна ғизои солим бо қувват, некӯаҳволӣ ва инкишофи кӯдак алоқаманд аст.

Рӯзи аввал: мусобиқа бо Гамбургер

Дар рӯзи аввал, толор ба саҳна барои намоиши спектакли интерактивӣ табдил гардид. Гамбургер, таҷассуми зиндаи ҳама одатҳои бад буда, дар саҳна пайдо шуда, кӯшиш кард, ки шиори ҳафтаро бо калимаҳои "Хӯр. Хоб кун. Хуррок каш" иваз кунад ва кӯдаконро ба ин даъват намуд. Кӯдакон фавран вокуниш нишон доданд — толор пур аз шӯру ғавғо шуд. Сипас доктор Энерҷӣ ва варзишгар ба саҳна баромаданд. Тавассути бозиҳо ва фаъолиятҳои интерактивӣ, онҳо бо кӯдакон кор карданд, то фаҳманд, ки чаро Гамбургер хато кардааст. Бо муқоисаи танбалӣ бо фаъолият, ғизои носолим бо хӯроки солим, кӯдакон фаҳмиданд, ки чӣ гуна интихоби солимтар кунанд.

Дар ҳамон рӯз, дар давоми дарс, ба ҳар як хонандаи мактаб як варақаи шахсӣ оид ба пайгирии одатҳои солим дода шуд. Дар тӯли як ҳафта, аз кӯдакон хоҳиш карда шуд, ки корҳои солимеро, ки ҳар рӯз анҷом медиҳанд, пайгирӣ намоянд: нӯшидани оби кофӣ, хӯрдани панҷ ҳиссаи меваю сабзавот ва машқ кардан.

Пайгирӣ фавран ба қисми бозӣ табдил ёфт. Кӯдакон варақҳоро бо шавқ омӯхта, саволҳо доданд ва то рӯзи душанбе аллакай аввалин баҳоҳои худро гузошта буданд. Ҳамин тариқ, ҳафта на танҳо бо эҳсосот оғоз ёфт, балки идомаи амалӣ низ дошт - ҳар як кӯдак дар лоиҳаи хурди нигоҳубини саломатии худ иштирок намуд.

Рӯзи дуюм: вақте ки хӯрокҳои маъмуль мавзӯи таҳқиқот мешаванд

Рӯзи сешанбе сӯҳбат дар бораи ғизо аз назария берун рафт. Синфхонаҳо ба фазоҳои мушоҳида ва муҳокима табдил ёфтанд. Тавассути таҷрибаҳои ҷолиб, муаллимон хонандагонро ташвиқ карданд, ки ба хӯрокҳои маъмулӣ бодиққаттар назар кунанд - на аз нуқтаи назари болаззат буданашон ё не, балки аз нуқтаи назари таркиб ва манфиатҳои онҳо барои саломатии инсон.

Кӯдакон якҷоя муҳокима намуданд, ки кадом хӯрокҳо барои истеъмоли ҳаррӯза мувофиқанд ва кадомашонро барои мавридҳои нодир беҳтар нигоҳ доштан мумкин аст. Онҳо дар бораи он ки чӣ қадар шакар дар нӯшокиҳо пинҳон шудааст ва аҳамияти маҳдуд кардани намак ва равғанро муҳокима карданд.

Истилоҳоти мураккаб вуҷуд надошт — танҳо мисолҳои равшан, саволҳо ва хулосаҳои муштарак. Хонандагон дар сӯҳбат фаъолона иштирок намуда, одатҳои худро нақл карданд ва онҳоро бо он чизе, ки дар синф омӯхта буданд, муқоиса карданд.

Ин рӯз барои муайян кардани нуктаи асосӣ кумак намуд: ғизои солим на дар бораи мамнӯъиятҳои қатъӣ, балки дар бораи қобилияти интихоби бошууронаи ғизо ва нигоҳ доштани тавозуни ҳаррӯза аст.

Рӯзи сеюм: ҳаракат – як қисми формулаи саломатӣ

Рӯзи чоршанбе фаъолияти ҷисмонӣ дар маркази диққат буд. Субҳ бо машқҳои гурӯҳӣ оғоз ёфт. Хонандагони синфҳои болоӣ нақши роҳбаронро ба ӯҳда гирифтанд: машқҳоро нишон доданд, суръатро муайян карданд ва хонандагони хурдсолро рӯҳбаланд намуданд. Мусиқӣ, машқҳои шавқовар ва ханда - кӯдакон худро ҳамчун як қисми як даста ҳис мекарданд.

Баъдтар, дар дарси тарбиявӣ, муаллимон бо кӯдакон муҳокима карданд, ки чаро фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ барои инкишоф, тобоварӣ ва тамаркуз муҳим аст. Онҳо бояд дар як рӯз чӣ қадар вақтро ба фаъолияти ҷисмонӣ сарф намоянд? Агар онҳо ягон намуди варзиши мушаххасро дӯст надошта бошанд, кадом намудҳои фаъолияти ҷисмониро интихоб карда метавонанд?

Ҳамин тариқ, кӯдакон фаҳмиданд, ки саломатӣ бар амалҳои хурди ҳаррӯза асос ёфтааст ва ҳаракат яке аз унсурҳои муҳими он мебошад.

Рӯзи чорум: “табақи солим” бо дасти худ

Рӯзи панҷшанбе ба мавзӯи "Ғизои эътирофшуда" бахшида шуда буд. Дар рӯи мизҳо доираҳо ва кортҳои коғазӣ бо тасвирҳои сабзавот, меваҳо, ғалладонагиҳо, гӯшт, моҳӣ ва лӯбиёгиҳо пайдо шуданд. Муаллимон ба хонандагон принсипи оддиро хотиррасон намуданд: нисфи табақ сабзавот ва меваҳо, чоряки он ғалладонагиҳо ва чоряки дигар хӯрокҳои бой аз сафедаҳо мебошанд.

Синф ба гурӯҳҳо тақсим шуд. Ҳар як гурӯҳ хӯроки нисфирӯзӣ ё наҳории худро дар асоси принсипи ғизои солим тартиб дод. Хонандагон муҳокима, баҳс ва андешаҳои худро дигар намуданд. Баъзеҳо ба шӯла мева илова карданд, дигарон пешниҳод намуданд, ки нӯшокии қанддорро бо об иваз намоянд.

Дар давоми намоишҳои хурд, кӯдакон бо итминон шарҳ доданд, ки чаро табақи онҳо мутавозин аст, кадом хӯрокҳо ба онҳо дар инкишоф ва кадом хӯрокҳо ба онҳо дар тӯли рӯз фаъол будан кӯмак мекунанд.

Рӯзи панҷшанбе як маҳорати муҳимро пешниҳод намуд: на танҳо донистани ғизои солим, балки қобилияти татбиқи ин дониш дар ҳаёти ҳаррӯза - ҳам дар мактаб ва ҳам дар хона.

Дар тӯли ҳафта, ошхонаи мактаб бо истифода аз китоби “Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ”, ки аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ - Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ва Институти ғизои соҳавӣ таҳия шудааст, хӯрокҳои гуногуни гарм тайёр намуд.

Финал – кӯдакон ба саҳна мебароянд

Рӯзи ҷумъа охири ҳафтаро қайд кард — равшан, пурэҳсос ва хеле самимӣ. Толор боз пур аз мусиқӣ буд. Ин дафъа худи кӯдакон ба саҳна баромаданд. Онҳо консертеро дар асоси он чизе, ки дар тӯли чанд рӯзи охир омӯхта буданд, омода карда буданд, аз ҷумла: нақли "солим"-и афсона дар бораи шалғам, шеърҳо дар бораи витаминҳо ва парҳези мутавозин ва муаммоҳо дар бораи меваю сабзавот.

Хонандагони синфҳои болоии мактаб Соро Давлатбекова ва Назриддин Орзузода бо итминон барномаро роҳбарӣ карданд. Дар финал саҳнае дар бораи Гамбургер, Духтур Энерҷӣ ва варзишгар намоиш дода шуд. Гамбургер шубҳа дошт, ки кӯдакон ҳама чизро мефаҳманд ва кӯшиш кард, ки онҳоро бо саволҳо дар бораи ғизо ошуфта кунад. Аммо кӯдакон бо итминон ҷавоб доданд. Гамбургер дар ниҳоят таслим шуд: "Шумо дуруст мегӯед, ман низ мехоҳам қавӣ ва солим бошам!"

Муовини якуми раиси ноҳия Зафарҷон Ҳисориён, ки дар чорабинии ниҳоӣ иштирок дошт, сатҳи баланди ташкилӣ ва махсусан ҳунари кӯдакон ва хоҳиши самимии иштирок дар ҳамаи чорабиниҳои ҳафтаинаро қайд намуд.

Директори мактаб Умарбек Қосимов як мушоҳидаи муҳимро нақл намуд: сарфи назар аз сардии ҳаво, ҳузур сад фоиза дар тамоми ҳафта боқӣ монд. Ӯ қайд намуд, ки шавқи кӯдакон ба дарсҳо ва шакли ғайриоддӣ воқеан ангезабахш буд.

Волидон дар як мавҷ бо мактаб

Волидон низ дар канор намонданд. Дар ошхона дарси маҳорати пухтупаз баргузор гардид, ки дар он онҳо бо ошпазҳо Зулфия Файзиева ва Мақсуда Рауфова ғизоҳои солимро тайёр намуда, дар бораи чӣ гуна нигоҳ доштани одатҳои нав дар хона сӯҳбат карданд.

Яке аз волидон, Беҳрӯз Ҳамидов, таассуроти худро чунин нақл намуд: "Писари ман дар синфи дуюм таҳсил мекунад ва тамоми ҳафта бо ҳикояҳо ба хона бармегашт - дар бораи таҷрибаҳо, дар бораи шакар дар нӯшокиҳо, дар бораи "табақи солим". Акнун ӯ машқҳои субҳро анҷом дода, ба мо хотиррасон менамояд, ки варақаро пур кунем. Ин гуна фаъолиятҳо воқеан кор мекунанд - кош онҳо бештар мебуданд."

Хонандаи синфи сеюм Омина Қурбонова бо шавқу завқ дар бораи Ҳафта сухан гуфт: "Ман аз таҷрибаҳо ва машқҳо бо кӯдакони калонсол бештар лаззат бурдам. Акнун ман медонам, ки кадом хӯрокҳо солимтаранд, ман метавонам худам як "табақи солим" – ро тартиб диҳам ва кӯшиш намоям, ки бештар об нӯшам ва меваю сабзавотро интихоб кунам."

Ба ҷойи охирсухан

Дар чорабинии мазкур 280 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ, муаллимон, волонтёрон – хонандагони синфҳои болоӣ ва волидон иштирок карданд. Аммо калид на дар миқёс, балки дар тағйирот дар одатҳои ҳаррӯза аст.

Ҳафтаи ғизои солим ба анҷом расид. Парчам бардошта шуд, саҳна холӣ шуд ва роҳравҳои мактаб ба реҷаи муқаррарии худ баргаштанд.

Аммо чизе тағйир ёфтааст. Дар мактаб кӯдакон бештар дар даст як шиша оби тоза доранд ва ба ҷойи як баста нон – қоқ дар даст себ доранд. Пайгирҳо то ҳол аломатҳои тозаеро нишон медиҳанд - далели хурди кӯшишҳои шахсии онҳо.

Ва шояд маҳз бо чунин қадамҳои содда ва фаҳмо чизи бузурге оғоз мешавад - фарҳанги нигоҳубини тиббӣ, ки якҷо бо кӯдак рушд мекунад.

Ҳафтаи ғизои солим дар мактаби №28-и ноҳияи Нуробод дар доираи барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон бо дастгирии Институти ғизои соҳавӣ баргузор гардид. Ҳамаи маводҳои таълимӣ дар мактаб барои истифодаи доимӣ боқӣ монд.