Тоҷикистон имрӯз шоҳиди ташаккул ёфтани намунаи беназири ҳамкории ҷомеа, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва шарикони байналмилалӣ дар самти таъмини ғизои уствор ва солими мактабӣ мебошад. Волидон, омӯзгорон ва аъзои ҷомеа бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (БОҶ), ва кӯмаки молиявии Федератсияи Россия бо роҳандозии ташаббусҳои даромадовар дар муассисаҳои таълимӣ қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҳанӯз соли 2019 ин ташаббус ҳамчун лоиҳаи пилотӣ оғоз ёфт ва имрӯз ба як ҳаракати васеъ табдил ёфтааст. Дар доираи лоиҳа дар муассисаҳои таълимии кишвар иқдомҳои гуногуни соҳибкорӣ роҳандозӣ мешаванд - аз парвариши занбӯри асал, таъсиси гармхонаҳо ва нонпазхонаҳо то парвариши чорво ва парранда. Лоиҳаҳо на танҳо сифати ғизои хонандагонро беҳтар мекунанд, балки боиси пайдоиши даромади иловагӣ ва тақвияти мустақилияти молиявии муассисаҳо низ мешаванд.
Яке аз намунаҳои барҷаста - ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №22-и ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд аст. Соли 2024, муассиса дар гармхонаи худ беш аз 380 кг сабзавот, аз қабили каду, бодиринг ва кабудӣ ҳосил гирифт. Миқдори изофии маҳсулот ба бозори маҳаллӣ фурӯхта шуд ва даромади бадастомада дубора барои беҳбудии барномаи ғизои мактабӣ сармоягузорӣ гардид. Аз суханҳои масъулин, маблағи бадастомада на танҳо барои хариди тухмӣ истифода шуд, балки инчунин барои ғанӣ гардондани меню ва таъмини муассиса бо сабзавоти тару тоза дар тамоми сол замина гузошт.
Муҳимтар аз ҳама, ин муваффақият омӯзгорон ва хонандагонро ба амалисозии ташаббусҳои нав илҳом бахшид, аз қабили шинонидани дарахтон ва коркарди маҳсулотҳо барои истифода дар фасли зимистон. Дар натиҷа, дастрасии кӯдакон ба ғизои солим ва витаминдор дар тамоми фасли сол беҳтар гардид.
Саҳми арзандаи Мактаби №22 ҷиҳати беҳбуди ғизои хонандагон бо ҷоизаи озмуни миллии «Боғи беҳтарини мактабӣ» қадр шуд. Маблағи ҷоиза барои сохтмони хати оби нӯшокӣ равона гардида, мушкили дастрасии мактаб ба оби ошомиданиро коҳиш медиҳад.
Ин гуна ташаббусҳо барои ҷомеа низ имкониятҳои нави касбӣ офариданд. Моҳира Бободҷонова, боғбон, ва Муслима Самиева, ошпази Мактаби №25-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯянд: "Бо шарофати фаъолиятҳои даромадовар мо малакаҳои нав омӯхтем ва имрӯз метавонем ба барномаи ғизодиҳии мактаб саҳм гузорем. Ошхонаро бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоем ва ба хонандагон ғизои солиму серғизо пешниҳод мекунем. Инчунин, имконоти нави гуногунсозии меню бо ғизои солим пайдо шудаанд."
Таъсири ин ташаббус зуд дар дигар муассисаҳо низ мушоҳида шуд. Мактаби №50-и ноҳияи Истаравшан, аз таҷрибаи ҳамкорони худ илҳом гирифта, замин иҷора гирифт ва парвариши меваю сабзавотро роҳандозӣ намуд. Танҳо соли 2024 мактаб 500 кг мева ҷамъоварӣ намуда, дар бозори маҳаллӣ фурӯхтааст ва даромади онро барои такмили ошхона ва таҷҳизоти пухтупаз сарф намуд.
Теъдоди мактабҳои ширкаткунанда сол ба сол меафзояд. Танҳо дар солҳои 2023–2024 шумораи фаъолиятҳои даромадовари кишоварзӣ аз 126 ба 136 расида, фарогирии мактабҳо аз 118 то 128 зиёд гардид. Занбӯрпарварӣ то имрӯз самти сердаромад ва серғизо боқӣ мемонад, ҳам барои таъмини хонандагон бо асали табиӣ ва ҳам барои фурӯш дар бозори маҳаллӣ.
Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки ташаббусҳои даромадовар метавонад ба ташаккули модели устувори худидоракунии муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда, заминаи гузариши мунтаззам ва устувори Барномаи ғизои мактабиро ба моликияти давлатӣ фароҳам меоварад.
Ҳамкории фаъоли ҷомеа, ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ нишон медиҳад, ки вақте ҳамаи ҷонибҳо муттаҳид мешаванд, тағйироти воқеӣ, устувор ва дарозмуддат имконпазир мегардад.

Ҳамроқул Шералиев – боғбони муассисаи №22

Боғи сабзавотии МТМУ №22 дар ноҳияи Истаравшан


Боғи Мактаби №50 дар ноҳияи Истаравшан

Ҳосили Мактаби №50

Занбӯрпарварӣ

