Соли 1999 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) лоиҳаеро оғоз карданд, ки ҳаёти ҳазорон кӯдакро ҷиҳати таъмини онҳо бо хӯроки нисфирӯзии гарм ва солим дар ошхонаҳои бароҳати мактабҳо тағйир дод. Ин барнома дар аввал 5000 хонандаи 22 мактабро фаро мегирифт, аммо бо мурури замон он густариш ёфт ва ба яке аз ташаббусҳои муҳими ғизо дар кишвар табдил ёфт.
Аз соли 2013 Россия ин лоиҳаро тавассути фаъолона маблағгузорӣ мекунад ва Институти ғизои соҳавӣ (SIFI) барои дастгирии техникӣ ва таҳияи стандартҳои муосири ғизои мактабӣ масъул аст. Айни замон барнома холо дар 2000 мактаб зиёда аз 430 ҳазор нафар хонанда фаро гирифта шудаанд, ки ин кариб 60 фоизи тамоми мактабҳои мамлакатро ташкил медиҳад. Ғизои мактабӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти бисёр кӯдакон, махсусан дар деҳот шудааст.
Барнома дар ду самти асосӣ татбиқ мегардад:
1. Таъмини маҳсулот барои мактабҳо
БОҶ СММ маҳсулоти асосиро аз қабили орд, равған, лӯбиё ва намак таъмин мекунад. Ошпазони мактаб аз ин маҳсулот барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ хӯроки нисфирӯзии гарм тайёр мекунанд. Бо вуҷуди ин, барои гуногунсозии меню ва беҳтар кардани ғизо, волидайн ва ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ин раванд фаъолона иштирок мекунанд - онҳо бо ғизо ва маблағ кӯмак мекунанд. Ба туфайли ин мактаббачагон меваю сабзавот, тухм ва гушт мегиранд.
2. Таҳия ва ҷорӣ намудани Барномаи миллии ғизои мактабӣ
Тадқиқотҳое, ки дар ҷараёни татбиқи барнома анҷом дода шуданд, ба таҳияи Консепсияи рушди ғизои мактабӣ (2015) ва Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 (2017) мусоидат карданд. Ин ҳуҷҷатҳо асоси оянадаи Барномаи миллии ғизои мактабӣ гардиданд.
Натиҷаҳои калидии барнома
1. Рушди ташкилӣ ва стратегӣ
• Соли 2014 Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба ғизои мактабӣ таъсис ёфт, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарӣ мекунад.
• Соли 2015 Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
• Соли 2017 Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 тасдиқ гардид.
• Соли 2019 3 адад минтақавӣ ва 29 адад шуроҳои ноҳиявӣ оид ба ғизои мактабӣ таъсис ёфтанд.
• Соли 2022 Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027 таҳия ва тасдиқ гардид.
• Соли 2023 дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши ғизои мактабӣ таъсис ёфт.
2. Татбиқи лоиҳаҳои пилотӣ ва модернизатсияи инфрасохтори мактаб
• Соли 2016 аввалин нақшаи амали чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ анҷом ёфт: 8 мактаб таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, 2 нонпазхонаи байнимактабӣ таъсис дода шуд.
• Солҳои 2017 – 2018 дуюм нақшаи амал иҷро гардид: 50 адад ошхонаи мактаб таъмир ва муҷаҳҳаз гардонида шуд, 5 нонпазхонаи байнимактабӣ ва 1 ошхонаи мактабӣ таъсис дода шуд
• Cоли 2020 дар асоси ҳамкории бахши давлат ва хусусӣ 8 адад нонвойхонаи ноҳиявӣ ташкил карда шуд.
• Солҳои 2023 – 2024 сеюм нақшаи амал иҷро гардид: 50 адад ошхонаҳои мактабҳо таъмир гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шуданд, инчунин 5 ошхонаи нав сохта, ба истифода дода шуданд.
3. Инноватсия ва эътироф
• Ду версияи китоби ретсептҳои ғизои мактабӣ нашр карда шуданд, ки яке аз онҳо дар категорияҳои "Бехатарии ғизо" ва бо "Ҷоизаи махсуси ҳакамон" дар Ҷоизаи Gourmand World Cookbook Awards мукофотонида шудааст.
• Аз соли 2022 ҳамасола озмуни “Ошпази беҳтарини мактабӣ” гузаронида мешавад.
4. Барномаҳои иттилоотӣ ва таълимӣ
• Ду маротиба Ахборотномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон нашр мешавад, ки оид ба рафти иҷрои барнома маълумот дарҷ мешавад.
• Чорабиниҳо оид ба тарғиби барномаи ғизои мактабӣ ва тарзи ҳаёти солим: ҳафтаҳои ғизои солим, фестивалҳо ва идҳо гузаронида мешаванд.
• Маводҳои иттилоотӣ ва таълимӣ таҳия карда мешаванд: бозиҳои махсус, дафтарҳои корӣ бо супоришҳо барои кӯдакон, воситаҳои таълимӣ барои волидон ва кормандони мактаб.
• Телевизион наворҳои иттилоотию фароғатӣ ва барномаҳои телевизиониро таҳия мекунад, ки кӯдакон ва волидонро бо принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва барномаи ғизои мактабӣ шинос мекунанд.
5. Рушди захираҳои инсонӣ
• Зиёда аз 300 нафар ошпазҳои мактабҳо аз омӯзиши махсус гузаштанд, ки дар онҳо принсипҳои ғизои солим, қоидаҳои санитарию гигиенӣ, инчунин малакаи кор кардан бо техникаи навро омӯхтанд. Ин имконият дод, ки сифати хӯроки нисфирузии мактаббачагон беҳтар карда, меню гуногун таҳия карда шавад.
Нақшаҳои оянда
Барномаи ғизои мактабӣ бо ин қатъ намешавад ва рушдро идома дода, баҳри оянда ҳадафҳои бузург мегузорад:
• Такмили инфрасохтор
Ба нақша гирифта шудааст, ки таҷдиди ошхонаҳои мактабҳо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф, аз қабили панелҳои офтобӣ ва низоми гармидиҳии об идома дода шавад. Ин имкон медихад, ки ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст шароити муътадили гигиенӣ ва омода кардани ғизоро таъмин намояд.
• Таъсиси марказҳои таълимӣ
Таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои ошпазони мактаб барои омӯхтани усулҳои навтарини пухтупаз, ки барои таъмини ғизои баландсифат ва бехатари мактабӣ мусоидат мекунад.
• Гузариш ба истеҳсоли маҳаллӣ
Яке аз самтҳои афзалиятноки барнома татбиқи усули “аз саҳро ба табақ” мебошад, ки деҳқонони маҳаллиро дар таъмини ғизои мактабӣ ҷалб менамояд. Ин на танҳо ба хоҷагии деҳқонии маҳаллӣ ёрӣ мерасонад, балки мактабҳоро бо хӯроквории тару тоза ва табиӣ таъмин мекунад.
• Таъсиси кластери истеҳсолӣ – логистикӣ
Таъсиси кластере дар назар аст, ки коркарди маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ, истеҳсоли хӯрокҳои нимтайёр ва тайёр барои ғизои мактабӣ, инчунин имкониятҳои захираи озуқаворӣ ва хизматрасонии логистикиро муттаҳид мекунад.
• Корҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ
Идомаи кор бо таълими кӯдакон ва волидайни онҳо ҷиҳати омӯзондани асосҳои ғизои солим. Интишори маводҳои нави таълимӣ, фестивалҳо ва вохӯриҳо барои дастрас кардани маълумоти ғизоӣ барои ҳама ба нақша гирифта шудааст.
• Тақвияти шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Бахши муҳими рушди барнома ин ҷалби соҳибкорони хусусӣ барои бунёди нонвойхонаҳои нав хоҳад буд, ки ба тавсеаи доираи барнома ва таъмини устувори маҳсулоти нонии тару тоза ба ошхонаҳои мактабҳо мусоидат мекунад.
Ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон - танҳо хӯроки нисфирӯзии гарм барои кӯдакон нест, балки сармоягузорӣ ба саломатӣ ва ояндаи як насли том аст. Ба шарофати ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии давлат ва ҷомеаҳои маҳаллӣ, барнома фаъолона рушд карда, ба ҳазорон мактаббачагон дар саросари кишвар манфиат меорад.