Дар Тоҷикистон даври аввали интихобии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ошпази мактабӣ — 2026» ба анҷом расид. Имсол ба озмун аз ҷониби ошпазони мактабҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 82 дархост ворид гардид.
Дар байни иштирокчиён 71 зан ва 11 марди аз 26 то 65-сола ташкил менамояд. Барои 28 нафар довталаб ин аввалин таҷрибаи иштирок нест: онҳо дар солҳои қаблӣ низ қувваи худро дар ин сабқати касбӣ санҷидаанд.
Пас аз омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми дархостҳо аз ҷониби аъзои ҳакамон, 50 ошпази мактаб ба марҳалаи дувум роҳ ёфтанд.
Дар пеш — нимфиналҳои минтақавӣ мебошанд
Рӯзи 17 июл барои нимфиналистон онлайн – тренинг баргузор мегардад, ки ба онҳоҷиҳати омодагӣ ба қисми амалии озмун кӯмак хоҳад кард. Аллакай рӯзи 22 июл нимфиналҳои минтақавӣ оғоз меёбанд.
Онҳо дар ошхонаҳои мактабии ҳар як минтақа баргузор гардида, дар шакли сессияҳои сайёр сурат мегиранд. Иштирокчиён бояд дар муҳити барои худашон маъмул фаъолият намуда, нишон диҳанд, ки чӣ тавр аз уҳдаи вазифаҳои ҳамарӯзаи ошпази мактаб мебароянд.
Дар давоми се соат довталабон бояд хӯроки нисфирӯзии комилро омода кунанд, ки он аз хӯроки якум ва дувум, хӯриш, нӯшокӣ, инчунин маҳсулоти нонӣ — кулча, нон ё булочка иборат аст.
Дар нимфинал ва сипас дар финал иштирокчиён бояд на танҳо маҳорати пазандагӣ, балки тавоноии дуруст ба роҳ мондани тамоми раванди корро — аз омодасозии ашёи хом, поракунӣ ва резакунии маҳсулот то риояи талаботи ҷудокунии ҷараёнҳои корӣ нишон диҳанд.
Ҳайати ҳакамон инчунин баҳо медиҳанд, ки ҷойи кор то чӣ андоза тозаву озода ташкилкарда шудааст, таҷҳизоту лавозимот дар кадом вазъият қарор доранд, тамғагузорӣ дуруст иҷро шудааст ва пайдарпайии амалҳо риоя мегардад. Ба ороиш ва пешкаш намудани хӯрокҳои тайёр таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Нимфинали аввалини минтақавӣ рӯзи 22 июл дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад.
Озмуни маҳорати касбӣ
Озмуни «Беҳтарин ошпази мактабӣ» аллакай соли панҷум аст, ки дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Он ба ошпазони мактабҳо барои такмил додани маҳорати касбӣ, табодули таҷриба ва аз худ кардани усулҳои муосири омодасозии таомҳои бехатар ва босифат барои кӯдакон кӯмак мерасонад.
Озмун бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ва Институти ғизои соҳавии Русия (SIFI) гузаронида мешавад.
Ба иштирокчиёни марҳалаи дувум эътимод, илҳом ва муваффақиятҳо таманно дорем! Дар пеш имконияти нишон додани маҳорат, табодули таҷриба ва мубориза барои унвони беҳтарин ошпази мактабии кишвар қарор дорад.

