Мактабҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна маҳсулоти бо дастони худ парваришёфта метавонад қисми асосии ғизои солим ва ғизои гуногунрангии мактабӣ гардад.
Имсол озмуни "Беҳтарин боғи мактабӣ" бори чорум дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Барои иштирок мактабҳое, ки шомили барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ мебошанд ва қитъаи замин барои парвариши сабзавоту гиёҳҳо ё гармхона доранд, даъват карда мешаванд.
Ин озмун хонандагони мактаб, муаллимон, волидон, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва коршиносонро дар атрофи як ақидаи муҳим муттаҳид мекунад: боғи мактабӣ метавонад на танҳо ба фазои омӯзишӣ, балки ба як манбаи амалӣ барои ғизои гуногуни мактабӣ табдил ёбад.
Мавзӯи озмуни соли 2026 "Таом аз боғи мактабии мо" мебошад. Иштирокчиён аз банақшагирии боғҳои худ то тайёр кардани таом аз ҳосили худ роҳи худро тай мекунанд. Мактабҳо зироатҳоро дар асоси иқлим, мавҷудияти об ва захираҳои қитъаи замини худ интихоб карда, онҳоро парвариш мекунанд ва нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ин маҳсулотро дар ғизои мактабӣ истифода бурдан мумкин аст.
Ташкилкунандагони озмун — Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ СММ), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикикстон ва Институти ғизои соҳавии Русия (SIFI) мебошанд.
Аз боғ – то хӯроки нисфирӯзии мактаб
Дар ин мавсим, мусобиқа ба манфиатҳои амалии боғҳои мактабӣ таъкиди махсус хоҳад кард. Ҳадафи асосӣ нишон додани робитаи байни парвариши озуқа ва ғизои мактаббачагон аст.
Хонандагон, дар баробари муаллимон ва волидон, қитъаро омода намуда, ба нигоҳубини растаниҳо, мушоҳидаҳо, ҷамъоварии ҳосил ва дар пухтупаз, чашидан ва дар чорабиниҳои гуногуни мактабӣ иштирок менамоянд.
Чунин усул ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки роҳи ғизоро аз тухмӣ то хӯроки нисфирӯзии мактабӣ бубинанд, арзиши ҳосилро дарк кунанд ва бифаҳманд, ки чаро парҳези гуногун барои саломатӣ муҳим аст.
Давраи пурраи кишоварзӣ
Озмуни мазкур то моҳи ноябри соли 2026 идома хоҳад ёфт. Дар ин муддат, мактабҳо метавонанд ҳамаи марҳилаҳои асосии мавсимро - аз омода кардани хок то муаррифии натиҷаҳо — анҷом диҳанд.
Бақайдгирии иштирокчиён то 30 июн идома меёбад. Ҳамаи иштирокчиёни мактаб, ки мехоҳанд дар озмун иштирок кунанд, бояд дархостро пур карда, ба суроғаи ozmunibogdori@gmail.com ирсол намоянд.
Аз моҳҳои июн – август, мактабҳо ба шинондан, нигоҳубини растаниҳо, ҳифзи зироатҳо ва мунтазам пешниҳод намудани ҳисобот машғул мешаванд.
Дар моҳҳои сентябр – октябр, иштирокчиён ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, хӯрокҳо тайёр мекунанд, мечашанд, хӯрокҳои нисфирӯзии мавзуӣ ва дигар чорабиниҳои ниҳоиро ташкил мекунанд.
Дар моҳи ноябр, ҳакамон лоиҳаҳоро баҳогузорӣ намуда, финалистҳоро интихоб ва ғолибонро эълон мекунанд.
Дастгирии иштирокчиён
Имсол мактабҳо дастгирии васеъшудаи методӣ мегиранд. Ба иштирокчиён се вебинари омӯзишӣ аз ҷониби мушовирон - кишоварзон пешниҳод карда мешавад: дар бораи банақшагирии кишт ва омодасозии хок, нигоҳубини растанӣ ва таҷрибаҳои сарфаи об, инчунин дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдории озуқа ва истифодаи бехатарии он дар ғизои мактабӣ.
Мактабҳо чӣ пешниҳод менамоянд?
Ҳар як мактаб лоиҳаеро дар шакли ҳикоя дар бораи боғ ё гармхонаи худ омода мекунад. Дар дархости худ қитъаи интихобшуда, зироатҳо, раванди кор, иштироки кӯдакон ва калонсолон, мушкилоте, ки бо онҳо рӯбарӯ шудаанд ва чӣ гуна онҳоро паси сар кардаанд, тавсиф менамоянд.
Таваҷҷуҳи махсус аз ҷониби ҳакамон ба он, ки мактаб чӣ гуна аз ҳосил истифода кардааст: оё маҳсулот ба ғизои мактабӣ дохил карда шудааст ё онҳо қисми дарсҳои кулинарӣ, чашиданиҳо, фестивали ҳосил ё хӯроки нисфирӯзии мавзӯӣ шудаанд.
Барои хонандагони синфҳои 1-4, супориши эҷодӣ "Таом аз боғии мактабии мо" расмкашӣ ё кори гурӯҳӣ бо шарҳи кӯтоҳро дар бар мегирад. Хонандагони синфҳои 5-11 дар бораи зироатҳои интихобшуда, кори дастаҷамъона ва таоме, ки аз маҳсулоти парваришкардаашон тайёр кардаанд, иншо менависанд.
Номинатсияҳо ва ҷоизаҳо
Ғолибон аз рӯи ду категория интихоб карда мешаванд:
«Беҳтарин боғи мактабӣ»
«Беҳтарин гармхона»
Ғолибон дар ҳар як категория барои рушди минбаъдаи ташаббусҳои кишоварзии мактабӣ грантҳои 10 000 сомонӣ мегиранд. Мактабҳое, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, таҷҳизоти техникӣ ба маблағи мутаносибан 5000 ва 2500 сомонӣ мегиранд.
Ташкилкунандагон инчунин метавонанд барои таҷрибаҳои ҷолибтарин, устувортарин ва эҷодӣ номинатсияҳои иловагиро муқаррар намоянд.
Бештар аз як боғ
Озмуни мазкур ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки малакаҳои амалиро аз худ карда, онҳоро бо кишоварзии органикӣ, сарфаи об, мавсимияти хӯрокворӣ ва асосҳои ғизои солим шинос намояд.
Барои мактабҳо, ин имкониятест барои табдил додани боғ ё гармхона ба фазои пурҷӯшу хурӯши таълимӣ, ки дар он кӯдакон мушоҳида, кор кардан дар як даста ва натиҷаҳои кори худро диданро меомӯзанд.
Интизор меравад, ки ин озмун таҷрибаи боғи мактабӣ дар минтақаҳои Тоҷикистонро густариш дода, шавқи кӯдаконро ба парвариши маҳсулоти хӯрокворӣ афзоиш диҳад ва ба ҷамъоварии беҳтарин таҷрибаҳо барои паҳнкунии минбаъда мусоидат намояд.

