ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ОШПАЗИ МАКТАБӢ – 2025” БАРГУЗОР ГАРДИД

05.08.2025 60

5 августи соли 2025, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Институти ғизои соҳавии Русия марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025”- ро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Дар озмун чор ошпази ботаҷриба аз муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок карданд. Ҳар кадом маҳорати баланди ошпазӣ ва садоқати худро ба касб ва ғизои солими мактабӣ нишон доданд.

Ошпазҳо бо истифода аз маҳсулоти ҳаррӯзаи мактаб ва Китоби «Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ»таомҳои мактабӣ, болаззат ва серғизо омода намуданд, аз ҷумла сэт, ки дар он хӯрокҳои зерин: якум шӯрбо бо ярмаи марҷумак; палав бо гӯшти гов в лӯбии сурх; хӯриш аз картошка ва ҷуворимакка; панкейк ва полуда аз ҷемро манзур намуданд. Ин таомҳо нишон доданд, ки маҳсулоти оддӣ ва дастрас дар сатҳи маҳаллӣ метавонанд асоси ғизои мутавозинро ташкил диҳанд, ки ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат намояд.

Баъд аз чашидани таомҳо ва гузоштани баҳо, ҳайати ҳакамон ду финалистро интихоб намуд. Онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо финалистони дигар минтақаҳои кишвар барои ҷоизаи «Беҳтарин ошпази мактаб – 2025», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мубориза хоҳанд кард.

Ҳамаи иштирокчиён барои садоқат ба касб ва саҳмгузорӣ дар рушди ғизои мактабӣ дар саросари кишвар бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.