8 апрели соли 2025 дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027” маросими супоридани маводи ғизои мактабӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, мушовир – фиристодаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Вера Валеревна Хуторская, намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, инчунин намояндагони муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид самти муҳим ва устувори сиёсати иҷтимоии давлатро ташкил медиҳанд. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифати ғизоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои расидан ба он пайваста тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.
Сипас, Вера Валеревна иброз намуд, ки ҳамкориҳои самарабахш миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди маориф таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мебошанд. Мавсуф афзуд, ки рушди ғизои мактабӣ ва дастрасии оқилона ва дуруст ба ғизои солим як изҳори масъулиятнокии давлати Россия ва ҷонибдории устувори лоиҳаҳои муҳим ва стратегии озуқаворӣ мебошад.
Ҳамчунин, Адҳам Мусаллам таъкид кард, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба дастгирии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар кардани шароити ғизоии мактаббачагон идома медиҳад. Амалӣ кардани чунин барномаҳо барои рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии ҷомеаҳо, махсусан кӯдакон, аҳамияти калон дорад ва дар таҳкими иртибототи мустаҳкам бо шарикон нақши муҳим мебозад.
Бо зикри нақши муҳимми ғизои солим дар рушди миллӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ, қайд гардид, ки аз соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ташкили ғизои гарм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, ки бо мақсади таъмин кардани мактаббачагон бо ғизои солим ва хушсифат амалӣ мешавад, дар навбати аввал аз ҷониби Федератсияи Россия 270 тонна орди ғанигардонидашуда ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода мешавад.
Маводҳои хӯрокворӣ дар рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
Дар интиҳо муовини вазири маориф ва илм изҳор намуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои рушди устувори он тадбирҳои зарурӣ меандешад.