
Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид.
«Кай бояд об дод? Кай мерӯяд? Оё метавон маҳсули коштаро пас аз ин истеъмол кард? Дар дарси амалии (мастер-класси) "Кишоварзи хурд" кӯдакон саволҳои зиёде доштанд. Барои аксари онҳо, тухмиҳои дар зарфи хок кошташуда нахустин киштзори шахсиашон ба шумор мерафт. Онро метавонистанд бо худ ба хона баранд, нигоҳубин кунанд ва пайдо шудани сабзаҳоро интизор шаванд».
24 октябр дар Боғи ботаникии "Ирам"-и шаҳри Душанбе Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ — 2026 таҷлил гардид. Дар ҳоле ки кӯдакон нозукиҳои кишти тухмиро аз худ мекарданд, меҳмонони калонсол бо ҳосили деҳқонони маҳаллӣ шинос шуда, раванди омодасозии нонҳои суннатиро тамошо карданд ва аз нони аз орди ғанӣ гардонидашуда чашиданд. Дар бораи чӣ гуна парвариш кардани маҳсулот ва доштани ғизои гуногунҷабҳа дар ин ҷо дар атрофи мизи ошпазӣ, назди дӯконҳои намоишӣ ва ҳатто аз саҳнаи театри кӯдакон сухан рафт
Ҷашнвораро зери шиори "Инноватсияҳои имрӯз — таъмини озуқавории фардо" Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ФАО, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ва Институти ғизои соҳавии Россия (SIFI) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон ташкил намуданд.
Ҳосил аз чӣ оғоз меёбад?
Дар майдончаи "Навовариҳо имрӯз — ғизои солим дар фардо", ки аз ҷониби SIFI ва Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ омода шуда буд, тақрибан 75 кӯдак ҳамроҳи волидони худ дидан карданд.
Дар ин ҷо таърихи "Ҳосил куҷо ғайб зад?" бо иштироки деҳқон, роботи наовар ва ошпаз рӯи кор омад. Қаҳрамонҳо барои кӯмак ба тамошобинон муроҷиат мекарданд, саволҳо мегузоштанд ва якҷоя бо онҳо роҳи ҳалли мушкилотро меҷустанд. Барои сарфаҳм рафтан ба ин воқеаҳо, кӯдакон бояд медонистанд, ки барои рушди растаниҳо чӣ лозим аст, чаро хоку обро ҳифз кардан зарур аст ва чӣ гуна технологияҳои муосир барои ба даст овардани ҳосили хуб кӯмак мерасонанд
Наврасон тавонистанд худро дар нақши деҳқонон дар дарси амалии (мастер-класси) мураббӣ-технолог Зулфия Файзиева бисанҷанд. Кӯдакон худашон тухмии сабзавот ва гулҳоро коштанд. Онҳо омода кардани хок, шинондани растаниҳо ва тарзи дурусти обёрии растаниҳои ояндаро омӯхтанд.
"Ман худам тухмиҳоро коштам ва онҳоро ба хона бурдам. Акнун онҳоро об медиҳам ва тарзи сабзиданашонро тамошо мекунам", — нақл намуд Муҳаммади ҳаштсола хонандаи мактаби № 41 шаҳри Душанбе. Дар байни таассуроти худ аз ин ҷашнвора ӯ инчунин намоиши театрӣ ва махсусан роботро қайд намуд.
Ба табақ чӣ бояд гузошт?
Аз парвариши маҳсулот ба интихоби ғизои солим гузариш сурат гирифт. Дар дарси амалии (мастер-класси) мураббӣ-технолог Махсудахон Рауфова кӯдакон табақи ғизои солимро омода намуданд. Онҳо зарурати мавҷудияти сабзавот, меваҷот, маҳсулоти ғалладонагӣ ва сафедадориро дар ратсиони рӯзона мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро интихоб ва ба гурӯҳҳо тақсим намуданд. Наврасон ба саволҳо ҷавоб дода, чистонҳо ёфтанд, шеърҳо хонданд ва барои иҷрои бомуваффақияти супоришҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гаштанд.
Сумаяи нуҳсола хонандаи мактаби № 34 як қоидаи оддиро дар хотир гирифт: ғизо бояд гуногун ва рангоранг бошад.
«Ман фаҳмидам, ки бояд бештар сабзавоту меваҷот истеъмол кард ва ғизо бояд гуногун ва боз мисли рангинкамон рангоранг бошад», — иброз дошт ӯ.
Шиносоӣ бо маҳсулотро дар майдончаҳои бозӣ давом додан мумкин буд: дар ин ҷо онҳоро аз рӯи намуд ва бӯяшон муайян мекарданд. Барои аксбардорӣ бошад, кӯдакон либосҳои шабеҳи сабзавоту меваҷотро ба бар менамуданд.
Омӯзгори мактаби № 41 Ҳанифа таваҷҷуҳро ба он равона кард, ки хонандагон заминаи донишҳои нави худро дарҳол дар амал татбиқ менамуданд: ниҳол мешинонданд, маҳсулотро интихоб мекарданд ва дар намоиши театрӣ иштирок меварзиданд. Махсусан ба ӯ имконияти бо худ ба хона бурдани киштҳо писанд омад, то кӯдакон таҳқиқоти худро давом диҳанд ва нигоҳубини растаниҳоро омӯзанд
Ретсептҳое, ки мехоҳед дар хона такрор намоед
Дарси амалии (мастер-класси) ошпазии фудблогери маъруф Шоҳин Муродов низ теъдоди зиёди волидонро бо кӯдакон ба ҳам овард. Онҳо якҷоя қандолоти хонагӣ ва нӯшокии "Иммунитети қавӣ"-ро аз рӯи дорухати муаллифии ӯ омода карданд. Шоҳин нишон дод, ки чӣ тавр аз маҳсулоти дастрас ғизое омода сохтан мумкин аст, ки ба кӯдак писанд ояд ва ҷои шириниҳову нӯшокиҳои маъмулии мағозаро бигирад.
"Ҳамаи дорухатҳоеро, ки ман бо дигарон баҳам мебинам, аввал дар хона месанҷам ва барои фарзандони худам омода мекунам ва танҳо пас аз ин онҳоро дар саҳифаи худ мегузорам", — нақл кард ӯ.
Барои Шоҳин муҳим аст, ки ғизо бомазза, маҳсулот дастрас ва кӯдакон таоми омодашударо бо иштиҳо истеъмол намоянд. Сумая, ки ин дарси амалиро тамошо мекард, аллакай тасмим гирифт, ки мехоҳад дар хона ҳамроҳи модараш ягон чизи муфид омода созад.
Машғулиятҳои дигари ошпазӣ меҳмононро бо дорухатҳои қадимии тоҷикӣ аз китоби ФАО "Гуногунии зироатҳои кишоварзии Тоҷикистон" шинос намуданд. Дар мисоли маҳсулоти маҳаллӣ дар бораи хусусиятҳои афзалиятноки таомҳои миллӣ, арзиши ғизоии онҳо ва тарзу усулҳои суннатии омодасозиашон маълумот манзур гардид.
Як дарси амалии (мастер-класси) алоҳида ба нони чапотӣ бахшида шуд. Меҳмонон раванди корро тамошо карда, дар бораи анъанаҳои нонпазӣ маълумоти бештар пайдо намуданд. Инчунин бо дастгирии БОҶ тарзи омода кардани нон аз орди гандумии ғанӣ гардонидашуда намоиш дода шуд. Меҳмонон имкон доштанд, ки аз он бичашанд ва аз мутахассисон бипурсанд, ки чаро ба орд витаминҳо ва моддаҳои минералӣ илова карда мешаванд
Дар паси ҳар як маҳсулот - меҳнати деҳқон меистад
Дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ асал, меваҷоти тару тоза, помидор, бодиринг ва дигар маҳсулот аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба тамошо гузошта шуданд. Дар байни онҳо сабзавотҳо аз гармхонаҳое, ки бо мусоидати БОҶ СММ бунёд ёфтаанд, низ мавҷуд буданд. Меҳмонон тавонистанд натиҷаҳои барномаҳоеро, ки ба хоҷагиҳои хурд ҷиҳати рушди истеҳсолот ва афзоиши даромад кӯмак мерасонанд, бо чашми худ бубинанд.
Дар паҳлуи он иштирокчиён бо технологияҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ шинос карда шуданд. Ба боздидкунандагон фаҳмониданд, ки чӣ тавр обро сарфакорона истифода баранд, ҳосилнокии заминро ҳифз намоянд ва дар шароити тағйирёбии иқлим ҳосил парвариш кунанд.
Самтҳои фаъолияти худро муассисаҳое, ки ба ҳифзи растаниҳо, гуногунии биологӣ, хоҷагии ҷангал, гидрометеорология ва амнияти озуқаворӣ машғуланд, муаррифӣ намуданд. Намоишгоҳи аксҳо нақлро дар бораи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва одамоне, ки дар замин меҳнат мекунанд, пурра гардонид
Мусиқӣ дар боғи тирамоҳӣ
Дар бораи он чизе, ки кӯдакон тавассути бозиҳо ва дарсҳои амалӣ (мастер-классҳо) омӯхтанд, калонсолон дар маросими расмӣ суханронӣ намуданд: чӣ гуна бояд нафаронеро, ки ба парвариши маҳсулот машғуланд, дастгирӣ кард, хӯроки нисфирӯзии мактабиро комил сохт ва ғизои солимро барои ҳар як оила дастрас намуд. Ба ин гуфтугӯ намояндагони идораҳои давлатӣ, олимон ва кормандони созмонҳои СММ ҳамроҳ шуданд. Ин нишаст ба Рӯзи СММ — 24 октябр рост омад ва барандагон Орзу Исоев ва Таҳмина Раҷабова меҳмононро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, боғро садои мусиқӣ фаро гирифт. Ҳунарнамоии ансамбли "Жасмин", Дилором Қурбонова ва Матлуба Раҳмонова ҷашнвораро, ки дар он барои кашфиётҳо, маззаҳои дӯстдошта ва рақсҳо ҷой буд, идома бахшиданд.
Дар хонаи наврасон бошад, идомаи хурди ин рӯз — тухмиҳои кошташудае боқӣ монданд, ки ҳанӯз бояд сабзида рӯянд.





















