БАРРАСИИ РАВАНДИ ТАТБИҚ ВА МИЛЛИКУНОНИИ БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

19.08.2026 13

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) бо иштироки намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор намуд.

Ҳадафи ҷаласа баррасии рафти татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ, мубодилаи таҷриба, арзёбии дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, инчунин муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини устувории барнома ва идомаи раванди милликунонии он буд.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ғизои мактабӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва омили рушди сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Зикр гардид, ки дар солҳои охир бо мақсади таҳкими заминаҳои молиявӣ ва институтсионалии Барномаи ғизои мактабӣ маблағгузории давлатӣ мунтазам зиёд гардида, дар сохтори Вазорати маориф ва илм ва раёсатҳои маорифи вилоятҳо бахшҳои ғизои мактабӣ таъсис дода шудаанд. Ин тадбирҳо ба ташаккули низоми устувори идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии барнома дар сатҳҳои гуногун мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, таъкид гардид, ки дар марҳилаи минбаъда тақвияти иқтидори кадрӣ ва идоракунии сохторҳои масъул, такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, фароҳамсозии муҳити мусоид барои ғизои солим дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини устувории молиявии барнома аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон, вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба рафти татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар минтақаҳои худ маълумот пешниҳод намуда, дастовардҳо, таҷрибаи андӯхташуда ва мушкилоти мавҷударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ, мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии барномаро муҳокима намуда, ҷиҳати такмили механизмҳои амалкунанда ва ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

Зикр гардид, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар солҳои охир барои таҳкими иқтидори идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии Барномаи ғизои мактабӣ дар сатҳи миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар ин замина, яке аз самтҳои муҳимми марҳилаи минбаъда тақвияти иқтидори раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ мебошад. Зеро самаранокии идоракунӣ, назорат ва татбиқи барнома дар сатҳи маҳаллӣ барои таъмини фарогирии босифат ва устувории он аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Ҷаласаи мазкур ҳамчун марҳилаи муҳимми таҳкими ҳамоҳангсозии байни сохторҳои маориф ва шарикони рушд арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки идомаи чунин ҳамкориҳо ба милликунонии тадриҷии Барномаи ғизои мактабӣ ва таҳкими масъулияти миллӣ дар самти таъмини ғизои солим барои хонандагон мусоидат хоҳад кард.