МАҶМӮАИ ДАСТУРҲОИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ: ЛАЗИЗ, СОЛИМ, ГУНОГУН

28.03.2026 46

Ин китоб ба рои хамаи он нафароне, ки барои кӯдакон хӯрок омода мекунанд ва мекоҳанд ғизои мактабиро на танҳо солим, балки воқеан лазиз гардонанд, нигаронида шудааст. Дастур аз ҷониби Ташкилоти Асосии ИДМ оид ба масъалаҳои ғизои хонандагон - ТҒМ «Институти ғизои соҳавӣ» (SIFI) ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳони СММ дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст ва дорои 116 рецептҳои таомҳо мебошад, ки ба рафъи ғизои хонандагон гуногунҷанбиву ғизодиҳӣ ва мувозинатнокиро таъмин мекунанд.

Дар нашр ғояҳо барои таомнома ҷамъ оварда шудаанд, ки метавонанд ошпазонро ба ҳалли нав илҳом бахшанд ва нишон диҳанд, ки ғизои солим метавонад барои кӯдакон лазиз ва ҷолиб бошад. Ретсептҳо дар асоси таоми миллии тоҷикӣ таҳия шудаанд ва бо дарназардошти талабот ва стандартҳои ғизои мактабӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Таомҳо асосан аз маҳсулоти маҳаллӣ, дастрас ва оддӣ тайёр мешаванд, ки ғизои кӯдаконро солим ва табиӣ мегардонад, таъми маъмулиро ҳифз мекунад ва анъанаҳои маҳаллӣ дар ошпазиро эҳтиётона дастгирӣ мекунад.

Ин дастур на танҳо барои мутахассисони ошхонаҳои мактаб, балки барои волидоне, ки мехоҳанд дар хона таомҳои лазиз, солим ва мувозинатнок барои кӯдакон тайёр кунанд, муфид хоҳад буд. Нашр саҳми муҳимеро дар рушди фарҳанги ғизои солим аз синни барвақти мерасонад ва ҳамчун айёнияти амалӣ барои ташкил кардани ратсиони сифатноки хонандагон хизмат мекунад.

Шинохти байналмилалии ин дастур арзиши баланди амалӣ ва касбиро тасдиқ мекунад: нашр дар Gourmand World Cookbook Awards бо ҷоизаҳо дар категорияҳои «Амният дар ғизо» ва «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» қадрдонӣ шудааст.

Китобро метавонед аз инҷо зеркашӣ кунед ⤵️